Шаҳрдорӣ ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мошини махсус тақдим кард

Шҳардории Душанбе барои роҳандозии чорабиниҳои садамавиву наҷот ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мошини нави боркаши махсуси РВД тақдим кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мошини нави боркаши махсуси РВД тақдим намуд.

Рустам Назарзода масъалаи омӯзиши мутахассисони КҲФ ҶТ дар Русияро баррасӣ кард

Мошини мазкур бо мақсади  беҳбуди парки техникии Раёсати  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тақдим намуд.

“Ин техникаи вазнин барои роҳандозии чорабиниҳои садамавиву наҷот ва расонидани кумак ба аҳолии ниёзманд чӣ дар кӯчаҳо ва чӣ дар хонаҳои баландошёна ба кор бурда хоҳад шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Манбаъ хабар додааст, ки дарозии “дасти” ин мошини “ГАЗ-3309” 18 метр будааст.