Сафири Тоҷикистон дар Русия ҳамватанонашро ба фарорасии соли нави мелодӣ табрик кард

Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия ваъда додааст, ки сафорат барои кумаки шаҳрвандонаш чораҳои зарурӣ меандешад, то ки мушкилоти онҳо дар соли гузашта боқӣ монанд
Sputnik

Сафири Тоҷикистон дар Русия ҳамватанонашро, ки дар Русия ба сар мебаранд ба фарорасии соли нави мелодӣ табрик кард.

Сафири Тоҷикистон дар Русия ҳамватанонашро ба фарорасии соли нави мелодӣ табрик кард

“Ман пеш аз ҳама ба ҳамватанонам хушбахтӣ, барори кор орзӯмандам. Инчунин ман хоҳони онам, ки ҳамаи мушкилоти онҳо дар соли 2018 боқӣ монад. Орузмандам, ки дар соли оянда зиндагии шаҳрвандони мо дар Русия боз ҳам беҳтар гардад. Мо барои ин кор чораҳои зарурӣ меандешем ва мушкилоте, ҳалнашударо ҳал хоҳем кард”, - таъкид намудааст Сатторов.

Ёдрас мешавем, ки аз аввали соли равон аз Тоҷикистон ба Русия 1 миллиону 745 ҳазору 554 нафар омадааст, ки аз он 790 ҳазору 116 нафар бо мақсади кор омаданд.