ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Дар арафаи соли нави мелодӣ Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба Мактаб-интернат барои бачагони ятим, бачагони маҳрум аз парастории волидайн ва аз оилаҳои камбизоат, воқеъ дар шаҳри Бӯстон рафта, ба тарбиятгирандагони муассиса либосҳои гарми зимистона ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ятимону тарбиятгирандагони муассисаи мазкурро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрик кард.
Айни замон дар Мактаб-интернати мазкур беш аз 100 нафар кӯдакони ятим, кӯдакони маҳрум аз парастории волидайн ва аз оилаҳои камбизоат ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
“Ба ҳар кадоме аз дӯстрӯякон аз ҷониби Раиси вилоят либосҳои зимистонаву туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид. Аз ҷониби сарпарастон бошад дастурхони идона ороста шуда, барномаи ҷолиби фарҳангӣ низ намоиш дода шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.