Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати Оқил Оқилов рафт

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар арафаи Соли нави мелодӣ ба аёдати собиқ сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов рафт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар арафаи Соли нави мелодӣ ба шаҳри Бӯстон рафта, собиқадори меҳнат ва собиқ сарвазири кишвар Оқил Оқиловро аёдат карду ӯро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Мардуми Суғд ба Раҷаббой Аҳмадзода аз чӣ шикоят карданд

"Дар аснои суҳбат Раиси вилоят аз роҳи тайкардаи Оқил Оқилов ёдовар шуда, саҳми ӯро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ назаррас арзёбӣ кард”, - таъкид намудааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки Оқил Оқилов солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда, аз ҷумла то замони ба нафақа баромаданаш дар вазифаи Сарвазири Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Инчунин Раҷаббой Аҳмадзода, ба шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар карда собиқадорони меҳнатро аёдат кард.

Раиси вилоят ҳамзамон аз ҳоли собиқадорони меҳнат аз шаҳри Исфара Лидя Қосимова ва Бону Солиева, собиқадор аз шаҳри Бӯстон Ҷӯра Шокиров ва собиқадор аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Санавбар Мирхолиқова хабар гирифта, онҳоро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфт ва ба ҳар кадоме кӯмакҳои моддӣ расонид.