Кӯлоб: дуздӣ чор бародарро пушти панҷара бурд

Маъмурини милиса дар Кӯлоб ду бародар – Афзалии Раҳмоналии 22-сола ва Нурмуҳаммад Раҳмоналии 18-соларо боздошт кардаанд, ки дар дуздӣ муттаҳам мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, бародарон дар дуздии маблағ ва амволи Меҳриниссо Абдуллоева, сокини маҳаллаи Меҳробод дар ҳаҷми беш аз 39 ҳазор сомонӣ ва яғмои маблағи Илҳомҷон Раҳмонов, сокини кӯчаи Суғдиёни шаҳри Кӯлоб муттаҳам мешаванд.

Манбаъ ҳаҷми маблағи дуздидашуда аз хонаи Раҳмоновро 44 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кард.   

Ин иттиҳом дар ҳолест, ки ба гузориши ВУД ду бародари дигар аз ин хонавода низ феълан барои даст задан ба дуздӣ зиндонӣ мебошанд.