Фатвои Шӯрои уламо дар бораи “гаппартоӣ”-ҳои шаҳвонӣ

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мавқеяшро дар бораи гуфтани суханони шаҳвонӣ баён кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Як корбари сомонаи Шӯрои уламо аз ин ниҳод дар бораи ҷоиз будани суханҳои шаҳвонӣ суол кардааст.

Тағйири қонун: салоҳияти раисиҷумҳур ва сафи дипломатҳо бештар шуд

Шӯрои уламо посух додааст, ки ҳар фарди мусулмон бояд бо дигарон бо забони нарму ширин ва суханони дилнишин муносибат кунад.

“Шоистаи як инсони оқил ва хусусан фарди мусулмон нест, ки забони покашро бо ҳар гуна суханони қабеҳу шаҳвонӣ олуда созад. Ахлоқи ҳамидаи инсонӣ тақозо мекунад, ки ҳар фарди мусулмон бо дигарон бо забони нарму ширин ва суханони дилнишин муносибат кунад”, - омадааст дар изҳороти Шӯро.

Ин дар ҳолест, ки ахиран мавзӯи гаппартоӣ дар Тоҷикистон ба мавзӯи мубрам табдил ёфта, дар пайи шикояти гуруҳи занон, шаҳрдории Душанбе барои ҷилавгирӣ аз ин раванд гуруҳи корӣ ташкил карда буд.