Ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои муҳоҷирон: дар Маскав гуруҳи сохтакорон дастгир шуд

Боздоштшудагони гуруҳи ҷиноӣ ба шаҳрвандони Осиёи Марказӣ корти муҳоҷиратӣ, шартномаҳои меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ғайриқонунӣ тайёр мекардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 дек - Sputnik. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти гуруҳи ҷиноие, ки ба шаҳрвандони ихроҷшудаи Осиёи Миёна аз Русия кумак мекардаанд, хабар додааст намояндаи расмии ВУД Русия Ирина Волк.

“Ба маълумоти дар дастдошта, ҷинояткорон бар ивази маблағ ба шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна кортҳои муҳоҷиратӣ, шартномаҳои меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ғайриқонунӣ сохта, аз ҷумла ба ихроҷшудагон аз қаламрави Русия кумак мекардаанд”, - гуфтааст Волк.

Вай инчунин илова кардааст, ки нисбати иштироккнандагони гуруҳ барои ташкили муҳоҷирати ғайрирасмӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Чихеле, ки Волк гуфтааст, кормандони Пулис дар якҷоягӣ бо намояндагони “ФСБ” дар Маскав ва вилояти Маскав, роҳбари ин гуруҳ ва ду аъзои онро дастгир кардаанд.  

Дар натиҷаи кофтукоб чор телефони мобилӣ, даҳҳо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, рӯйхати муштариён ва кортҳои бонкию навиштаҳои ҳисобдорӣ пайдо карда шудаанд. Ҷинояткорон дастгир шудаанд ва нисбаташон парванда боз шудааст.