Зулайхо Мамадшоева: ташкилкунандагон зарари ҳар 1 мухлисро барқарор кунанд

Зулайхо Мамадшоева, овозхони тоҷик дар пайи консерти баҳсбарангезаш дар шаби 27-уми декабр дар яке аз тарабхонаҳои Маскав изҳор дошт, ки ташкилкунандагон бояд зарари мухлисонро ҷуброн кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 дек – Sputnik. Мамадшоева бо нашри як изҳорот дар саҳифаи расмияш дар Инстаграм гуфт, нофаҳмӣ дар консерти шаби 27-уми декабр дар яке аз тарабхонаҳои Маскав натиҷаи фиребкории ташкилкунандагони он буд. 

Нашри намоҳанги нави Зулайхо Маҳмадшоева - "Гила"

“Зимнан чиптаҳои консертро низ ташкилкунандагон фурӯхтанд, аммо аз иҷрои талаботи қарордод даст кашида, ҳайати эҷодии моро хеле дар ғурбат саргардон карданд. Оқибат бо кумаки зумрае аз дӯстон ва кормандони консулгариву сафоратамон 80% маблағи маслиҳатшударо бо талошу машаққат гирифтем, аммо пурра не. Ман бо ин ҳол ду маротиба дар назди мухлисони азизам баромад кардам. Маҳз эҳтироми мухлисон водорам сохт, ки баромад кунам, вагарна бо ин найранги ташилкунандагони консерт ҳеч касе аз гуруҳи эҷодӣ розӣ набуд, то саҳна барояд”, - таъкид кардааст овозхони тоҷик.

Ӯ бо нашри як паёми дигар афзуд, “ман тарафдорам, ки ташкилкунандагон зарари ҳар мухлисро барқарор кунанд”.

Овозхони тоҷик аз нафаре, ки бо номи Шайх дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм маъруф аст, гила кардааст, ки дар баробари иҷро накардани қарордод дар давоми ҳунарнамоӣ ба аҳли ҳунар таҳдиду тавҳин кардааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ маводе дар мавриди ваъдахилофиҳои Мамадшоева нашр гардида буданд, ки гӯиё маблағи тамошобинонро гирифтаасту то охир ҳунарнамоӣ накардааст.

Дар тавзеҳи ин иддао овозхон аз мухлисон даъват кардааст, ки на аз аҳли ҳунар, балки аз ташкилкунандагон гиламанд бошанд.

Зулайхо Мамадшоева дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунад

“Баъди ду маротиба ба саҳна баромадан ман аз он макон рафтам, вале ташкилкунандаи консерт дар пеши мардум ба саҳна баромада, боз суханони дурӯғ ба мардум мегӯяд, ки гуиё Зулайхо маблағро гирифтаасту пурра нахонда, гурехтааст. Дар асл ин тоифа аҳли ҳунарро фиреб доданд. То ҳол пули моро пурра пардохт накарданд”, - таъкид кардааст Мамадшоева.

Мамадшоева аз овозхонҳои ҷавони тоҷик мебошад, ки дар арафаи Соли нав бо сафари ҳунарӣ дар Маскав қарор дорад.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки консерти дигари Зулайхо бахшида ба таҷлили Соли нав шоми 29 декабр дар Маркази фарҳангии тотории Маскав баргузор мешавад.