Таркиши мина дар Афғонистон 4 зан ва 2 кӯдакро ба ҳалокат расонд

Дар натиҷаи таркиши мина дар музофоти Фарёби Афғонистон 6 нафар ба ҳалокат расида, як зан ҷароҳат бардоштааст
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 29 дек - Sputnik. Дар шимоли Афғонистон дар натиҷаи таркиши мина чор зан ва ду кӯдак ба ҳалокат расидаанд, хабар додааст агентии иттилоотии "Синхуа" бо истинод ба ҳокимияти маҳалӣ.

Таркиш рӯзи ҷумъа дар музофоти Фарёб  ба вуқуъ пайвастааст. Дар натиҷа 6 нафар ба ҳалокат расида, як нафар ҷароҳат бардоштааст.

Ҳалокати беш аз 30 корманди мақомот дар пайи ҳамлаи "Толибон" дар ғарби Афғонистон

“Қурбониён бо роҳи хокии мерафтаанд, ногаҳон минаи худтарканда зери пои яктои онҳо рост омадааст”, - гуфтааст намояндаи артиш Абдул Ҳоҷи Ҷамол.

Манбаъ афзудааст, ки тахмин меравад, ҳодисаи мазкурро намояндагони ҷунбиши "Толибон” ба ӯҳдаи худ гиранд.

Низомиёни Афғонистон бар муқобили ҷунбиши “Толибон” амал карда истодаанд. Дар Афғонистон ғайр аз Толибон таъсири гуруҳи ДОИШ низ мушоҳида мешавад. Дар ҳамаи минтақаҳои Афғонистон бар зиди ифродгарои амалиёт гузаронида шудаистодааст.