ДУШАНБЕ, 29 дек - Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, шабона 2-4 дараҷа ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, охири рӯз боридани борон дар назар аст. Ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз -3-8 то -14 дараҷа сард, рӯзона 1+6, дар шарқи ин вилоят шабона -19-24 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 4-9 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона аз 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм хоҳад шуд.