Мирзошариф Ҷалолов ба Императори Ҷопон Эътимоднома супорид

Дар оғози маросими супоридани Эътимоднома Император Акихито сафирро ба муносибати таъйин гардиданаш муборакбод карда, дар иҷрои вазифаҳои рисолати дипломатӣ муваффақиятҳо орзу кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 дек - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон 26 декабри соли равон  Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ҷопон Мирзошариф Ҷалолов Эътимодномаи худро ба Императори Ҷопон Акихито супорид.

“Сафири Тоҷикистон паёми гарм ва таманниёти неки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Императори Ҷопон Акихито расонид”, - таъкид намудааст манбаъ.

Тағйироти кадрӣ: аз барканории Ҳамрохон Зарифӣ то таъини сафир дар Ироқ

Инчунин вазорати хориҷа иттилоъ додааст, ки пас аз супоридани Эътимоднома миёни Император ва сафири Тоҷикистон сӯҳбати кутоҳе баргузор шуд, ки дар он доир ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар дар партави тааҳҳудоти дар рафти сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Япония дар моҳи октябри соли ҷорӣ  ба даст омада мубодилаи афкор сурат гирифт.

Лозим ба ёдоварист, ки 19 октябри соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Ҳамрохон Зарифиро аз мақоми сафир дар Ҷопон барканор карда, ба ҷои ӯ Мирзошариф Ҷалоловро таъйин кард.

Мирзошариф Ҷалоловро қаблан сафир дар Ҳиндустон, Непал ва Бангладеш буд.

Ҷалолов ҷойгузини Зарифӣ дар мақоми сафир дар Ҷопон шуд. Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз ходимони шинохтаи давлатии кишвар мебошад, ки моҳи декабри соли равон 70-сола шуд.