Занги Эмомалӣ Раҳмон ба Нурсултон Назарбоев

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои қазоқистонияш, Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, роҳбарони ду давлат ба муносибати фарорасии Соли нав якдигарро шодбош гуфтаанд.

Сенаторҳои қазоқ: ним миллион тоҷикистонӣ дар 11 моҳ вориди Қазоқистон шудаанд

Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев аз ҷараёни рушди муносибатҳои ҳарду давлат дар самти шарикии стратегӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, афзудаанд, ки пешбурди минбаъдаи шарикии созанда ба манфиати ҳарду кишвар ва тамоми минтақа мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Нурсултон Назарбоев саломатӣ, дар фаъолияти давлатӣ комёбиҳои нав ва ба мардуми  Қазоқистон сулҳ, некӯаҳволӣ ва шукуфоии минбаъда таманно намудааст.