ДУШАНБЕ, 28 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои узбакистонияш Шавкат Мирзиёев, зимни суҳбати телефонӣ табодули таманниёти солинавӣ кардаанд. Ҷонибҳо бурдборӣ, сулҳ ва шукуфоӣ барои мардумони тоҷику узбак орзу намуданд.
Манбаъ афзуд, сарони давлатҳо суръати баланди рушди муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистонро дар соли сипаришаванда, зуҳуроти мусбат дар соҳаи шарикии минтақавиро зикр кардаанд, ки ҷавобгӯи манфиатҳои бунёдии халқҳои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон саҳми назарраси шахсии Шавкат Мирзиёев дар рушди ин равандҳои созандаро таъкид намудаааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки роҳбарони ду давлат изҳори боварӣ кардаанд, ки ҳамкории дарозмуҳлат дар ҳамаи самтҳо дар сиғаи шарикии стратегӣ идома хоҳанд ёфт.
Эмомалӣ Раҳмон телефонӣ инчунин Сооронбой Жээнбеков, раисиҷумҳури Қирғизистонро низ бо Соли нав шодбош гуфтааст.
Ҷонибҳо дар пайи табодули табрикоту таманниёт аз маҷрои мусбат дар муносиботи ду кишвар зикр карда, масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ кардаанд.