ДУШАНБЕ, 28 дек – Sputnik. Раисҷумҳури Русия қонуни наверо ба имзо расонд, ки садди роҳи шаҳрвандони хориҷие мегардад, ки ба хотири ба даст овардани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ бо шаҳрвандони Русия ақди никоҳи қалбакӣ мебанданд. Санади мазкур дар сомонаи интернетии иттилооти ҳуқуқӣ дастраси ҳамагон гардидааст.
Дар ҳолати бастани ақди никоҳ бо шаҳрванди Русия, бе бурсияи ҳам, шаҳрванди хориҷӣ ҳуқуқи ба даст овардани иҷозатномаи иқомати муаваққатиро пайдо мекунад.
Қонун пешниҳод мекунад, ки иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ба хориҷиёни дар ақди никоҳ қарор дошта танҳо дар ҳамон минтақае дода шавад, ки шаҳрванди Русия ба сар мебарад ва ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин ҳол пешниҳод шудааст, маҳдудиятҳо нисбати иштирокчёни барномаи давлатии муҳоҷират, ки бо хоҳиши худ ҷои иқомати мувақатиашонро иваз карда наметавонанд, шаҳрвандоне, ки дар хориҷи кишвар ба сар мебаранд ва ё дар ҳолати тағйир ёфтани ҷои иқомати ҳамсар, волидон ва ё фарзад, паҳн карда намешаванд.