ДУШАНБЕ, 27 дек – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, тақрибан соати 18:00-и 25 декабр Сино Самадови 30-сола, ронандаи “Опел” ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи истиқоматаш - Данғара ба шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Корез пиёдагард Қурбонова Нуринисо, сокини 39-солаи деҳаи Паркамчиро зер кардааст. Дар натиҷа, Қурбонова дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ афзуд, ки ҳамчунин шоми 25-уми декабри соли 2018, ронандаи “Мерседес-Бенс”, Шеров Алихон, сокини 27-солаи деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат сӯи шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба “Опел-Астра”, таҳти идораи Шарифов Орзу, сокини 45-солаи шаҳри Кӯлоб, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи “Мерседес-Бенс” Шеров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои ВУД, ронандаи “Опел-Астра”, Шарифов ва мусофиронаш - Ҳакимов Шаҳриёр Шарифович, соли таваллудаш 2000 ва Каримова Маҳбуба Самариддиновна, соли таваллудаш 1992, сокинони шаҳри Кӯлоб дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Манбаъ илова намуд, ки садамаи дигари маргбор 25-уми декабр тахминан соати 19:30 дар километри 31-уми Ваҳдат – Рашт – Лахш рух додааст.
“Фирдавс Одинаев, ронандаи “Мерседес-Бенс”, сокини 24-солаи шаҳри Роғун, дар ҳудуди 31-ум километри Ваҳдат – Рашт – Лахш бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагард Юсуфов Меҳриддин Насриддинович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Файзободро зер намудааст”, - омадааст дар иттилоия.
Дар натиҷа, Юсуфов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.