Боздошти шавҳари ҷавон барои ҷанҷол дар хонаи хушдоман ва кордзании ҳамсар

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як марди 29-сола, сокини ноҳияи Ҷайҳун хабар дод, ки дар расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба ҳамсараш муттаҳам мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 дек – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, боздоштшуда шоми 25-уми ноябр дар ҳолати мастӣ ба хонаи хушдоманаш омада, бо ҳамсари 25-солааш ҷанҷол намудааст.

Манбаъ афзуд, ки зимни муноқиша шавҳари маст ҳамсарашро бо як зарбаи корд ба шикам ва ду зарба ба даст маҷруҳ кардааст.

ВУД таъкид намуд, ки ҷабрдида дар беморхона бистарӣ шуда, тафтиши ҳодиса идома дорад.