Раҳмон ваъда дод: дар Тоҷикистон музди кор, нафақа ва стипендия то 15 дар сад боло мешавад

Тоҷикистон барои амалӣ кардани ин иқдом дар соли 2019 аз буҷаи кишвар 1,2 миллиард сомонӣ ҷудо кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 дек - Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон имрӯз, 26 декабр дар паёми солани худ ба Парлумони Тоҷикистон хабар дод, ки Тоҷикистон барои боло бурдани музди кор, нафақа ва стипендия дар соли 2019 1,2 миллиард сомонӣ ҷудо кардааст.

"Дар асоси барномаҳои қабулгардида мо бояд тарзе заҳмат кашем, ки барои баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақа дар солҳои минбаъда низ заминаҳои зарурӣ гузошта шаванд", - изҳор дошт раисҷумҳур.

Вай афзуд, ин иқдом бояд дар як сол маҳдуд нагардида, ҳамасола амалӣ шавад.

"Яъне мо бояд дар оянда тавонем бо роҳи рушди иқтисодии мамлакат, саноатикунонӣ, рушди истеҳсолот, бо назардошти сарчашмаҳои иловагии буҷети давлатӣ ҳар сол то 10-15 % маош ва нафақаю стипендияро баланд бардорем", - афзуд раисҷумҳур.

Ёдрас мешавем, дар соли 2018 низ дар Тоҷикистон музди кор, маош ва стипендия то 15 дар сад боло рафта буд.