Раисҷумҳур ба тафтиши субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ “моратория” эълон кард

Маҳз субъектҳои соҳибкории инфиродӣ метавонанд механизми асосии рушд бошанд, ки имрӯз дар Тоҷикистон ба дастгирии давлат ниёз доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 декабря - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба тафтиши субъектҳои соҳибкории соҳаи истеҳсолот барои солҳои 2019-2020 “монатория” эълон кард.

Дар ин бора раисҷумҳур 26-уми декабри соли равон ҳангоми ироаи паёми солонааш ба парлумони кишвар гуфта гузашт.

“Мо баҳри рушд додани соҳибкории истеҳсолӣ кӯшиш карда чораҳои зарури, низ меандешем. Маҳз субъектҳои соҳибкории инфиродӣ метавонанд механизми асосии рушд бошанд ва онҳо ба дастгирии давлат ниёз доранд”, - гуфт Раҳмон.

Вобаста ба ин пешниҳод мекунам, ки ба тафтишоти субъектҳои соҳибкории соҳаи истеҳсолот барои солҳи 2019-2020 "моратирия" эълон карда шавад. Тафтишот нисбати ин навъи соҳибкорӣ ба ҳама сохторҳо, аз ҷумла  Додситонии олӣ, Агентии мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ, Вазорати молия ва дигар мақомотҳои тафтишкунанда манъ карда шавад, қайд кардааст роҳбари кишвар.

 Инчунин вай таъкид кардааст, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон 300 рӯзи ислоҳот амалӣ карда шавад.