Обуҳавошиносон: ҳавои сарду барфу борон дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва барф дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 декабря - Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,    боридани борони кӯтоҳмуддат  дар назар аст. Ҳаво  шабона 0-2  ва рӯзона +6+8 дараҷа гарм мешавад.

Инчунин манбаъ иттилоъ додааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда    шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф  дар назар аст.    Ҳарорат шабона ба 0+5  ва рӯзона   ба  5+10  дараҷа  мерасад.

Обуҳавошиносон: дар аксари манотиқи Тоҷикистон сардиҳову барф ва борон дар назар аст

Дар ВМКБ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2-7  то  -12 дараҷа сард,  рӯзона -1+4 дараҷа,  дар шарқи ин вилоят шабона -22-27  ва рӯзона -7-12  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,  боридани борон  ва барф пешбинӣ  шудааст.  Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4  ва рӯзона аз  7+12  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда,    дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф   дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона   +5+10  дараҷа гарм хоҳад шуд.