Фролов: тоҷикон барои халос шудан аз патент шаҳрвандӣ мегиранд

Бештари нафароне, ки шаҳрвандии Русияро ба даст меоранд, аз тамоми имтиёзҳои он истифода мебаранд, аммо ба Русия намекӯчанд, мегӯяд Игор Фролов
Sputnik

Дар ҳамоише ки ба наздикӣ дар мавзӯи муҳоҷират баргузор гардид, сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов диққати иштирокдоронро ба барномаи кӯчонидани ҳамватанон аз хориҷ ба Русия ҷалб намуд, ки ба воситаи он шаҳрвандони хориҷ метавонанд ба осонӣ шаҳрвандии Русияро ба даст оранд.

Фролов: тоҷикон барои халос шудан аз патент шаҳрвандӣ мегиранд

Ӯ бо таассуф гуфт, ки хоҳиши иштирокдорони ин барнома ба мақсадҳои худи барнома рост намеояд ва бештари шаҳрвандони Тоҷикистон барои дастрасӣ ба имтиёзҳо шаҳрвандии Русияро ба даст меоранду аммо намехоҳанд ба кишвар кӯч банданд.

"Дар бештари ҳолатҳо шаҳрвандон ба мо барои он муроҷиат мекунанд, ки шаҳрвандии Русияро бо ин роҳ ба осонӣ ба даст оранд ва пас аз фаъолият баргарданд. Шаҳрвандӣ барои онҳо танҳо барои дур мондан аз чашми милисаҳо, фаъолият кардан бидуни пардохти андози патент лозим аст", - таъкид дошт ӯ.

Ёдрас мешавем, имсол мувофиқи барномаи кӯчонидани ҳамватанон 5,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро соҳиб шуда, аз ин танҳо 1,3 ҳазорашон ба Русия кӯчиданд.