Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки миллӣ супориш дод, ки вазъи қарздиҳиро беҳтар намояд

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, аз вазъи қарздиҳӣ дар кишвар норозигӣ баён карда, ба Бонки миллӣ супориш дод, ки вазъро дар ин самт беҳтар намояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 декабря - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Паёмаш ба парлумони кишвар эълон намуд, ки рушди қарздиҳӣ аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ дар соли равон ночиз аст.

Ба гуфтаи вай, ҳаҷми қарзҳои додашуда 7,5 миллиард сомониро ташкил дода, рушди он ҳамагӣ 3 дарсад афзоиш ёфтааст, ки ин кофӣ намебошад.

Раҳмон: оғози кори “Роғун” ва тақвияти ҳамкорӣ бо Узбакистон дастоварди муҳим аст

“Ба Бонки миллии Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки барои рушди қарздиҳӣ чораҳои зарурӣ андешида, ба хусус қарздиҳиро ба соҳаи истеҳсолот беҳтар намояд”, - гуфт Президенти кишвар.

Вай инчунин дар бораи даромади аҳолӣ, таъдоди мардуми камбизоат дар ҷумҳурӣ, инчунин рушди иқтисоди миллӣ суханронӣ кард.

Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки дар оянда даромади аҳолӣ то 10 дарсад афзоиш ёфта, ҳамасола барои боло бурдани ҳаҷми музди маош кормандони соҳаи буҷетӣ, нафақа ва стипендия  дар ҳаҷми 10-15 дарсад чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Рушди даромаднокии қисми буҷет дар соли оянда дар ҳаҷми 13 дарсад пешбинӣ карда мешавад. Рушди ММД кишвар 7 дарсад ва таваррум низ 7 дарсад пешгӯӣ карда мешавад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Вазорати молия супориш дод, ки барои таъмини даромаднокии буҷети кишвар чораҳои зарурӣ андешад.