ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар як ҷаласаи васеи Додситонии кулл ба самъи прокурорҳои кишdар дастуру эродҳои раиси Шӯрои амнияти Тоҷикистон, президент Эмомалӣ Раҳмонро расонидааст.
Бино бар иттилои манбаъ, 24 декабр дар додситонӣ таҳти роҳбарии Юсуф Раҳмон ҷаласаи васеъ баргузор шудааст, ки дар он прокуророни шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, кормандони раёсату шуъбаҳои додситонии кулл ва прокурори нақлиётии Тоҷикистон иштирок доштаанд.
"Дар ҷаласаи Юсуф Раҳмон дастуру супоришҳои президенти Тоҷикистон ва раиси Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро, ки 19 декабри соли 2018 дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардида буд, ба самъи кормандони мақомоти прокуратура расонид", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният фаъолияти сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро дар соли 2018 ҷамъбаст намуда, аз камбудиҳои мавҷуда ёдовар шудааст.
Раисҷумҳур ҳамчунин дастур додааст, ки рӯҳияи маънавӣ, ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносӣ ва таҷрибаву маҳорати касбии кормандони мақомоти судӣ, сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот баланд бардошта шавад.
Юсуф Раҳмон ба прокурорҳо ҳушдор додааст, ки барои барои бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.