ДУШАНБЕ, 25 дек - Sputnik. Дар назди шуъбаҳои таваллуди беморхонаҳои марказии шаҳру навоҳии кишвар ҳуҷраҳои тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила таъсис медиҳанд, хабар додааст дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки Вазорати тандурустии кишвар ҷиҳати татбиқ ва амалисозии Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» як қатор тадбирҳо амалӣ шуда истодааст.
Тибқи фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, дар назди шуъбаҳои таваллуди Беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Панҷ, Шаҳритуз ва Фархор ҳуҷраҳои тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ ташкил карда шуданд.
Инчунин дар назди Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе “Ҳуҷраҳои тиббию иҷтимоии офиятии занони аз зӯроварӣ дар оила ранҷкашида” таъсис дода шудааст.
Дар назди ҳама беморхонаҳои шаҳру навоҳии кишвар баҳри кумаки ҷабрдидагони зӯроварии оилавӣ,ҳуҷраҳои тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ ташкил карда мешавад.
Бояд қайд кард, ки дар соли 2018, 1039 нафар кормандони соҳаи тиб дар мавзӯи “Вокуниши кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳангоми зуроварӣ дар оила” ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.
Дар соли 2018 дар ҳуҷраҳои занони аз зӯроварӣ ранҷкашида ба 142 нафар хизматрасонии тиббию равонӣ расонида шудааст.
Илова бар ин, дар шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ телефонҳои боварӣ ва ҳуҷраҳои кӯмаки психологӣ фаъол карда шудаанд.