ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Дар ёздаҳ моҳи соли 2018 ба миқдори 435 ҳазор тонна семент ба маблағи 20,2 миллион доллари ИМА содирот карда шуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2017 мутаносибан 201,1 ҳазор тонна ва 10,5 миллион доллари ИМА зиёд мебошад, хабар медиҳад дафтари матбуотии ҳукумати Суғд.
Ҳаҷми содироти маъдан дар ёздаҳ моҳи соли равон ба 369,3 миллион доллари ИМА баробар шуда, дар маҷмўъ 317,8 ҳазор тонна маъдан ва консентрат ба содирот бароварда шудааст. Ҳиссаи ин намуди маҳсулот дар сохтори содирот 71,7 фоизро ташкил додааст.
Инчунин, дар ёздаҳ моҳи соли 2018 ба маблағи 9,5 миллион доллари ИМА маҳсулоти кишоварзӣ содиротгардид. Аз ҷумла, ба маблағи 4,5 миллион доллари ИМА ба миқдори 18668 тонна хушкмева ва ба маблағи 3,4 миллион доллари ИМА ба миқдори 75809 тонна пиёз ба бозорҳои беруна бароварда шудааст.