Роҳандозии хатсайри нави автобус дар шаҳри Хуҷанд

Дар хатсайри нави рақами 7 шаш автобуси тамғаи “ЛИАЗ” ҳаракат мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд дар арафаи Соли нави мелодӣ хатсайри нави рақами 7 ифтитоҳ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Воридоти 25 автобус ба Хуҷанд ва ҳушдори шаҳрдорӣ ба ронандаҳои микроавтобусҳо

Бино бар иттилои Корхонаи давлатии коммуналии “Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд”, дар хатсайри нав 6 автобуси тамғаи “ЛИАЗ” аз маҳаллаи “Масҷиди сурх” то маҳалаи 34 ҳаракат мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки ин ҳафтумин хатсайри нақлиёти ҷамъиятӣ буда, ҳамарӯза ба сокинони шаҳри Хуҷанд бештар аз 100 адад автобус хизмат мерасонад.