Дабири кулли СММ Эмомалӣ Раҳмонро шодбош гуфт

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба муносибати пазируфта шудани пешниҳодаш аз сӯи аъзои созмон шодбош гуфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Гутерриш дар паёмаш ба Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони “Арзёбии фарогири миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки бо ибтикори ҳайати Тоҷикистон пешбарӣ гардид, якдилона қабул шуд.

Шарҳи вазири тоҷик дар бораи қарздорӣ аз СММ: 15,4 млн-ро додем

“Руйдоди мазкур қадаме бузург ва таҷассумгари эътимоди кишварҳои аъзои СММ нисбат ба Тоҷикистон, ҳамчун кишвари пешсаф дар пешбурди масоили об ва ҳомии раванди  ҷаҳонии амалисозии ҳадафу вазифаҳои марбут ба оби Рӯзномаи 2030 барои рушди устувор маҳсуб меёбад”, - изҳор доштааст дабири кулли СММ.

Гутерриш изҳори боварӣ кардааст, ки кишварҳои узви СММ аз ваколатҳои нави қатъномаи мазкур, аз ҷумла тариқи арзёбии миёнамуҳлати татбиқи ҳадафҳои Даҳсола, ки дар соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, самаранок истифода хоҳанд намуд.

Дабири кулли СММ дар охир ба Эмомалӣ Раҳмон барои садоқат дар пешбарии ин самти муҳим изҳори сипос кардааст.