Боздиди толибилмони навраси Хоруғ аз масҷиди марказии Душанбе

Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз боздиди як гуруҳи хонандагони синфҳои болоии макотиби Хоруғ аз масҷиди марказии шаҳри Душанбе хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи Шӯрои уламо, боздиди хонандагони синфҳои болоии макотиби шаҳри Хоруғ аз масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб ҳафтаи гузашта сурат гирифтааст.

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ аз масҷиди дар ҳоли бунёди Душанбе - видео

Манбаъ афзуд, ки меҳмононро имомхатиб Беҳрӯз Сатторов  истиқбол гирифта, дар бораи таърих ва давраҳои бунёди масҷиди марказӣ, инчунин роҷеъ ба фазилати масҷид суҳбат кардааст.

Шӯрои уламо таъкид кардааст, ки имомхатиб ба талабаҳо аз Қуръону суннат гуфтааст.

“Дар идомаи суҳбат имомхатиб бо хонандагон доир ба моҳияти Ислом ва Қуръону суннат сухан ронда, замони соҳибистиқлолии кишварро даврони эҳёи фарҳанги исломӣ ва дастовардҳои динӣ номиданд”, - омадааст дар иттилоияи Шӯрои уламо.

Паёми алмосии Оқохони IV: Аз вазифаи имом то баракати иртибот ва беҳтарин садақа...

Сатторов инчунин иттилоъ додааст, ки соли оянда дар Душанбе калонтарин масҷид ба истифода дода мешавад, ки он яке аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор меравад.

Шӯрои уламо дар мавриди таассуроти хонандагон аз ин боздид изҳор доштааст, ки чунин сафару огоҳиҳо аз ҳамдигар рафоқатро бештар мекунад.

“Хонандагон аз ташрифашон ба ин масҷид изҳори хушнудӣ намуда, қайд карданд, ки чунин вохӯриҳо боиси бештар огоҳӣ пайдо кардан аз ободкориҳову пешравиҳои кишвари азизамон ва мустаҳкам шудани дӯстию рафоқат миёни хонандагон мегардад”, - таъкид кардааст Шӯрои уламо.