ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Корхонаи нав Дар “Хуҷандторгмаш” бо саҳми соҳибкорони Тоҷикистону Узбакистон сохта мешавад ва истеҳсоли маҳсулот бо истифода аз технологияҳои олмонӣ ба роҳ монда мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корхона аз иқдоми соҳибкорони Тоҷикистону Узбакистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ташкили корхонаро ба манфиати ҷонибҳо арзёбӣ карда аст.
“Бо истифода супоридани корхонаи нав даҳҳо нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд ва бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ таъмин мегардад”, таъкид намудааст Аҳмадзода.
Ёдрас мешавем, ки “Хуҷандторгмаш” яке аз корхонаҳои бузургтарини шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб рафта, дар он истеҳсоли маҳсулоти гуногун, аз ҷумла чанд навъи таҷҳизоти барқӣ барои ошхона ва таҷҳизот барои пойгоҳҳои обкашӣ истеҳсол мешавад.
Дар ёздаҳ моҳи соли равон дар корхонаи мазкур ба миқдори 2,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд мебошад.