ДУШАНБЕ, 24 дек – Sputnik. Рустамов бо нашри як матлаб дар саҳифаи фейсбукияш изҳор дошт, ки дастгирии мухлисон дар ин марҳила барояш хеле муҳим буд ва ҳар раъйи мухлисон қимату нақши бузург дорад.
“Шукри Худо, ки шумо маро дар даври чорякниҳоӣ наҷот додеду ба марҳилаи нимниҳоӣ гузаштам Аз чунин дастгирӣ хеле хушҳолам. Гуфтаниям, ки ин беҳтарин лаҳза дар ҳаётам мебошад. Дар коре, ки мо анҷом медиҳем, ҳар яки шумо ҷузъи ин равандед ва мо чун як дастгоҳи бузургем. Пирӯзии ман пирӯзии шумост”, - навиштааст Даниэл Рустамов.
Ӯ афзудааст, ки ҳамеша орзу дошт, Тоҷикистон ва шаҳри Душанберо бо сари баланд муаррифӣ кунад ва ин ҳадафаш дар ҳоли амалишавист.
“Бо қадамҳои кӯчак мо сӯи ин ҳадаф равонем. Мехоҳам бори дигар ба ҳамаи шумо миннатдориямро баён намоям”, - изҳор дошт Рустамов.
Сипосномаи Рустамов дар ҳолест, ки ахиран ӯ дар барномаи “Голос” ҳамроҳи Рушана Валиева ва Аннагазел Гокинаева, ба ҳайси намояндагони тими овозхон Сергей Шнуров ҳунарнамоӣ кардаанд. Даниел Рустамов суруди “Natural”-и гуруҳи “Imagine Dragons”-ро иҷро кард.
Худи Шнуров ба ҳайси мураббӣ ҳунарнамоии шогирдонашро баҳогузорӣ карда, ба Рустамов 20%, ба Валиева 50% ва ба Гокинаева 30 дарсади холҳоро сазовор донист. Аммо овоздиҳии тамошобинон, ки 37% ба ҷонибдории Рустамов раъй доданд боис шуд, ки ӯ ба даври нимниҳоӣ роҳ ёбад. Овозхони зодаи Тоҷикистон гуфт, ба ин марҳила расиданашро дар озмуни “Голос” ҳеч интизор надошт.