ДУШАНБЕ, 24 дек – Sputnik. Тасова дар саҳифааш дар Инстаграм гуфт, баъди иштирокаш дар намоиши мӯди “Fashion Night Astana" бо пироҳани шафофе, ки синаашро намепӯшонд, зери борони танқиду маломат қарор гирифт.
“Нафаре маро бадахлоқ мехонду дигаре масхара мекард. Кор то ҷое расид, ки саҳифаамро аз Instagram пок кардаанд ва ин ҳама аз барои синаи урён”, - вакили ҷавони қазоқ.
Ӯ дар идома суол гузоштааст, ки оё месазад барои синаи урён духтар мавриди латукӯбу таҳқир қарор гирад ва худаш посух додааст, ки не.
Тасова бо нашри аксҳои ҷадид, ки дар онҳо осори латукӯб намоиш дода шудааст, изҳор дошт, ки ин натиҷаи “дастгирӣ”-и як нафарест, ки қаблан ӯро аз ҷумлаи наздикони худ медонист.
“Ман мехоҳам ба ин мард миннатдориямро баён кунам, чун ӯ маро водор кард, ки таъсири мушкили ҷадидро дар худ эҳсос кунам”, - изҳор доштааст ҷавонзан.
Ӯ зикр кардааст, ки дар гузашта низ бо пироҳанҳои шафоф дар намоиши мӯд иштирок кардааст ва ин ҷузъи кораш мебошад. Дар идома аз вуҷуди нобаробариҳои ҷинсӣ гуфта, таъкид намудааст, ки корҳои ҷамъиятияшро идома медиҳад ва мақсади асосияш хотима бахшидан ба хушунат алайҳи занону кӯдакон мебошад.
Тасова, зебосанам ва вакили даъвати VII –и маҷлиси ҷавонони шаҳри Остона мебошад, ки ахиран дар як намоиши мӯд бо пироҳани шаффоф аз хонаи муди Dana Dyusembayeva ба саҳна баромада, баҳси бараҳнасозиҳои занон дар Осиёи Марказиро дигарбора барангехт.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуруҳе аз ӯ ҷонибдорӣ карда, бархеи дигар корашро фаҳш хондаанд, ки хилофи арзишҳои фарҳангию миллӣ мебошад.
Урён кардани ҷисм аз ҷониби бархе аз занон дар Осиёи Марказӣ ҳамчун санъат ва эътироз алайҳи ҷомеаҳои мардсолор вақтҳои охир густарда шудааст.