Имомуддин Сатторов рухдодҳои муҳими соли 2018-ро гуфт

Барқарорсозии савдои бузург бо Узбакистон ва ба кор андохтани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун барои ҷумҳурӣ рухдодҳои муҳим ба ҳисоб мерафтанд, мегӯяд сафири Тоҷикистон дар Русия
Sputnik

Соли 2018 барои Тоҷикистон дар соҳаи муносибатҳои байниминтақавию савдо ва энергетика бисёр муҳим буд. Аз аввали сол дар Тошканд ва Душанбе даҳҳо созишномаҳо дар соҳаи иқтисод, рушди гардиши коло ба имзо расиданд.

Имомуддин Сатторов рухдодҳои муҳими соли 2018-ро гуфт

Аммо барои иқтисоди Тоҷикистон аз ҳама муҳимаш ба кор андохтани нерӯгоҳи Роғун буд, ки мардум онро даҳсолаҳо интизор буданд.

"Ин дар ҳақиқат рухдоди торихӣ буд. Мақсадҳои гузошташуда амалӣ карда шуданд. Ҳоло Роғун барои кишвар нерӯ ва  қувва медиҳад", - гуфт ҷаноби сафир ба Sputnik Тоҷикистон.

Байни дигар рухдодҳои муҳим ӯ роҳбарии Тоҷикисоонро дар ИДМ ном бурд.

Тафсилоти бештарро аз сабти овозии Sputnik Тоҷикистон гӯш кунед.