Ифтитоҳи парванда алайҳи 2 мансабдори солхӯрдаи идораи бойгонӣ барои порагирӣ

Мудири 70-солаи идораи бойгонии шаҳри Истаравшан ва мутахассиси 63-солаи ин ниҳод дар порагирӣ муттаҳам мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 дек – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, маъмурини милиса муайян кардаанд, ки  марди 70-сола, директори бойгонии байниидоравии шаҳри Истаравшан тибқи маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси бойгонии мазкур – зани 63-сола аз як корафтода пора намудааст.

Вазорати тандурустӣ: ба оилаҳои камбизоат 30 миллион сомонӣ кӯмакпулӣ расонида шуд

“Мудири бойгонӣ тибқи маслиҳати пешакӣ бо мутахассис,  20-уми декабри соли 2018, тахминан соати 11:00 барои додани маълумотномаи собиқаи музди меҳнати марди 55-сола,  сокини шаҳри Истаравшан, аз ӯ 1 ҳазору 200 сомонӣ пора талаб намудааст”, - иттилоъ додааст ВУД.

Манбаъ афзуд, ки мудири бойгонӣ баъди чанд соати талаби пора, санаи 20 декабр, тахминан соати 16:00 дар утоқи кориаш ҳангоми гирифтани маблағ дастгир гардида, далели шайъӣ гирифта шуд.

Бар асоси иттилои ВУД нисбати директори бойгонӣ ва мутахассиси идора бар асоси моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ – гирифтани пора, парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.