Аслиддин Низомӣ Профессори фахрии Консерваторияи миллии Узбакистон шуд

Шӯрои олимони Консерваторияи миллии Узбакистон Аслиддин Низомӣ олими тоҷик профессор Аслиддин Низомиро ба унвони олии “Профессори фахрии Консерваторияи миллии Ӯзбекистон” сарфароз намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 дек – Sputnik. Барои саҳмгузорӣ дар пешбурди илми санъатшиносӣ ва таҳқиқи мукаммали ҷанбаҳои таърихӣ-назариявӣ ва эстетикии мусиқии анъанавию касбӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои байналмилалии илмӣ Аслиддин Низомӣ бо унвони олии “Профессори фахрии Консерваторияи миллии Узбакистон” сарфароз гардид.

Соҳибкорони Тоҷикистону Узбакистон дар “Хуҷандторгмаш” як корхонаи дигар таъсис медиҳанд

Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар доираи робитаҳои байналмилалии эҷодию илмии байни Тоҷикистону Узбакистон, бо даъвати Вазорати маданияти Узбакистон вохӯрии эҷодии мусиқишиноси маъруфи тоҷик, аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ дар мавзӯи “Шашмақом чун рамзи пайвандии фарҳанги тоҷику узбек” бо ҳайати устодону донишҷӯёни Консерваторияи миллиии Узбакистон дар шаҳри Тошканд баргузор гардид.

Барои саҳмгузорӣ дар пешбурди илми санъатшиносӣ ва таҳқиқи мукаммали ҷанбаҳои таърихӣ-назариявӣ ва эстетикии мусиқии анъанавию касбӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои байналмилалии илмӣ бо қарори Шӯрои олимони Консерваторияи миллии Узбакистон олими тоҷик Аслиддин Низомӣ бо унвони олии “Профессори фахрии Консерваторияи миллии Узбакистон” сарфароз гардид.

Иштироки Тоҷикистон дар форуми санъати мақом дар Шаҳрисабз

Манбаъ таъкид намудааст, ки бори аввал чунин арҷгузории илми мусиқии тоҷик ва олимони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ сурат мегирад.

Ба иттилои вазорати фарҳанг, айни замон, мусиқишиносони тоҷик корҳои зиёди илмӣ-тадқиқотиро баҳри татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон ва ниёзҳои воқеии илмӣ-амалии фарҳанг ва санъат мавриди таҳқиқ қарор дода, вобаста ба масоили таърихию назариявии санъати миллӣ, такомули методологии тахқиқоти илмӣ дар равияи санъатшиносии миллӣ пажўҳишҳои муфид анҷом дода истодаанд.