ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Қирғизистонро дар Тоҷикистон Рустенбеков Жаниш Султанкулович қабул намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, баъд аз супоридани нусхаи эътимоднома мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо сафири навтаъйини Қирғизистон баргузор шуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои нақлиёт, тиҷорату иқтисод, фарҳангию гуманитарӣ ва доир ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳокима шуданд.
Ҳамчунин, тарафҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ табодули афкор намуданд.