Соҳиби "Корвон" ваъдааш ба Президентро иҷро кард: 26 миллионро ба мактаб дод

Соҳибкор Нуршед Машрабов, аз хонаводаи маъруфи Машрабовҳо ва молики калонтарин бозори кишвар – “Корвон” дар деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави мактаби миёнаи №7-ро бунёд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни ифтитоҳи мактаби мазкур гуфт, он бо харҷи 26 миллион сомонӣ бунёд гардид.

Сипоси Раҳмон ба Ғуломов барои харҷи 21 миллион дар мактаб ва норозигӣ аз сатҳи забондонӣ

“Бо истифода аз фурсат, ба соҳибкори саховатпешаи ҳамин ноҳия – Машрабов Нуршед ва ҳамаи шахсони эҳсонкоре, ки барои ободии ноҳия ва деҳоти он саҳм мегузоранд, миннатдорӣ баён менамоям”, - изҳор дошт раисиҷумҳур.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, мактаби мазкур аз се ошёна иборат буда, барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.  Эмомалӣ Раҳмон бо зикри шароити муосир дар мактабҳои нав таъкид намуд, ки бояд таваҷҷуҳ ба таъмини ин муассисаҳо бо мутахассисон дода шавад.

Котиботи раисиҷумҳур зикр кардааст, ки соли гузашта ҳангоми мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ, Нуршед Машрабов бунёди муассисаи мазкурро ба зимма гирифта буд ва дар зарфи як сол пурра анҷом дод.  

Нуршед Машрабов, писари Хол Машрабов, собиқ раиси ноҳияи Рӯдакӣ ва мақомоти андози Тоҷикистон мебошад. Ӯ молики калонтарин бозори Тоҷикистон – “Корвон” ва яке аз соҳибкорони муваффақи кишвар арзёбӣ мешавад. Ибодулло Машрабов, намояндаи шинохтаи дигари ин хонавода мебошад, ки феълан мақоми муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистонро ба уҳда дорад.