Таъсиси маркази фарҳангии мусиқии Чин дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо ҳайати Донишгоҳи санъат ва илми Ланҷоуи Чин густариши муносибатҳои фарҳангиро баррасӣ намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Донишгоҳи санъат ва илми Ланҷоуи Чин таҳти роҳбарии Ҷенг Вейкианг мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазоарти фарҳанги кишвар.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни сӯҳбат масоили таҳкими робита ва ҳамкорӣ байни донишкадаи номбурда ва муассисаҳои таълимии зерсохтори Вазорати фарҳанг, табодули донишҷӯён, такмили ихтисоси кадрҳои ҳарду ҷониб, инчунин густариши муносибатҳои фарҳангӣ ва таъсиси маркази фарҳангии мусиқии Чин дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Рустами Эмомалӣ боз бо як минтақаи Чин муносибатҳои бародаршаҳрӣ барқарор кард

Сипас меҳмонони Чин ба Консерваторияи милли Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов рафтанд.

“Ректори муассиса Фароғат Азизӣ аз таърихи таъсисёбии консерватория, ки ҳар сол садҳо нафар мутахассисони соҳаҳои гуногуни мусиқиро омода менамояд, ба меҳмонон маълумот пешниҳод намуд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол меҳмонон пешниҳодҳо барои таҳсили донишҷӯёни Чин дар Тоҷикистон, хусусан дар худи консерватория ва барои идома доднани магистратура аз ҷониби донишҷӯёни тоҷик дар Чин ироа гардида, созишномаҳо баста шуд.

Меҳмонон инчунин аз синфхонаҳои сабти овоз дидан намуда рафти сабти сурудҳои донишҷӯёнро муоина кардданд. Меҳмонон барномаи омоданамудаи омӯзгорону донишҷӯёнро, ки иборат аз навозиши асбобҳои миллӣ ва симфонӣ буд, тамошо карданду баҳои баланд доданд.