ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Русия пойгоҳи низомиашро дар Тоҷикистон, то беҳбуди вазъ дар Афғонистон тақвият мебахшад, эълон кард Владимир Путин раисҷумҳури ин кишвар зимни нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ.
Роҳбари Русия таъкид кард, ки Амрико бо гурӯҳи тандгарои ҷунбиши “Толибон” (мамнӯъ дар Русия) музокирот дорад. Путин гуфт музокирот бояд ба таври ошкорона сурат гирад.
"Шояд ин ногузир бошад, вале бояд мавзуъи ин музокиротро дар ёфт ва натоиҷашонро пешбинӣ кард... Вале то он замон мо ночорем пойгоҳи низомиамон дар Тоҷикистонро тақвият бахшем", - гуфт Путин.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Русия аксарияти мардуми Афғонистон баронанд, ки вазъ дар кишвар хуб нест.
“Натиҷаҳои интихобот тӯли моҳҳо ҳисоб карда мешаванд. Мақомоти расмии Афғонистон танҳо аз се як ҳиссаи ҳудуди Афғонистонро таҳти контрол дораду халос”, -гуфт Путин.
Ёдрас мешавем, ки муқобилият зидди ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши “Толибон” идома дорад.
Бино ба иттилои расмӣ, ҷунбиши “Толибон” наздик ба 50 дарсади кишварро таҳти контрол гирифтаанд.