Осмони пурситора: дастовардҳои муҳими солинавии Маскав

Ҳамасола шаҳри Маскав дар моҳи декабр ба манзараи зебои ҷилоранге табдил меёбад, ки аз диданаш кас лаззат мебарад
Sputnik

Соли нав дар Русия чун анъана иди оилавӣ ба ҳисоб рафта, дар ин шаб гирди мизи хурокхурӣ нишаста килограммҳо хуриши оливеро (салати оливье) тановул мекунанд. Аммо панҷсолаҳои охир хориҷиён ва инчунин худи сокинони маҳаль дар ин шаб ба тамошо баромада Соли навро дар кӯча пешвоз мегиранд, ки тааҷубоварҳам нест, чунки ҳамаи он ороишоте, ки ба омад-омади ин ҷашн ороста мешаванд дар майдонҳо маскунанд ва он оташбозию мушакпарроние, ки дар кучаҳо мекунанд афсонаеро мемонанд.

Анъанаҳои асрҳо

Соли нав – яке аз идҳои муҳими Русия мебошад, ки онро асрҳо боз ҷашн мегиранд. То соли 1700 ҷашни Соли навро дар моҳи март ва аз асри XV сар карда рӯзи 1-уми сентябр ҷашн мегирифтанд.  Аммо императори якуми рус Пётр I танҳо дар асри XVII солшумориро дар Русия аз "Рождество" ва ё мавлуди Исои Масеҳ оғоз кард, ки дар натиҷа соли 7208 (ҳисоби солшумории он вақта)  “аз бунёди олам” ба 1699 табдил ёфт. Инчунин Пётр пешниҳод кард, ки Соли нав мисли Аврупо ҷанш гирифта шавад ва 1-уми январ арчаҳои мавлудӣ ороста, кӯчаҳои асосии Маскав зебо карда шаванд. Ҳамин тавр арча ҳамчун рамзи Соли нав ва Мавлуди Исои Масеҳ дониста шуд.

Бо шарофати ин ид сокинон метавонистанд якдигарро табрик гуфта, ба осмон мушакҳо ҳаво дода, аз силоҳҳо ба осмон тир холи кунанд. Ба пешвози соли нав дар майдони Сурх ба сӯи осмон оташпаррони ташкил менамуданд. Он вақт алакай анъанаи дар ин шаб сайр кардан оммавӣ шуда буд.

Баъди ба сари қудрат омадани коммунистон дар соли 1917 гузаронидани Мавлуди Исои Масеҳ ҳамчун рамзи аз қадим боқӣ монда манъ карда шуд. Дар натиҷа арчаҳои солинавӣ ва анъанаи оростани кӯчаҳо дар шаби Соли нав аз байн рафт. Танҳо соли 1935 бо шарофати Сталин арчаи солинавӣ ва иди Соли нав барқарор шуд. Аз соли 1947 интараф 1-уми январ ҳамчун рӯзи Соли нав рӯзи истироҳатӣ эълон шуд. Аз солҳои 1969-1970 роҳбарони кишвар бо фарорасии ин ид мардумро бо тантана табрик кардан гирифтанд.

Осмони пурситора: дастовардҳои муҳими солинавии Маскав

Дар солҳои Шӯравӣ дар кӯчаҳои Маскав алакай дар моҳи декабр арчаҳои оросташуда ва муҷассамаҳои калони Бобоҳои барфӣ ва Барфак пайдо шудан гирифтанд. Инчунин бозорҳои арчафурӯшӣ ва ярмаркаҳои солинавӣ пайдо шудан гирифтанд.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, низ ин анъанаҳо боқӣ монданд. Инчунин якчанд соли охир ин ҳама бо як шукуҳу шаҳомати махсус гузаронида мешаванд.

Осмони пурситора: дастовардҳои муҳими солинавии Маскав

Аз соли 2012 дар пойтахти Русия барои сохтани маконҳои хуби ҷамъиятии сатҳи байналмилалӣ барои сокинон ва сайёҳон, диққати махсус медиҳанд. Гузаргоҳҳои нав бо дарназардошти мағозаҳои сарироҳӣ ва қаҳвахонаҳо дар ҳама кӯчаҳои Маскав барои ҳамагон хело писанд аст.

Тарҳи Маскави калон

 Дар соли 2012 дар Маскав пиёдагузаргоҳҳои нави Камергерский ва Столешников, тангкучаҳои Кузнетский Мост ва Рождественка ба истифода дода шуданд.

Бо пешниҳоди депортаменти фарҳангии пойтахт барои сохтани манзараи идонаи шаҳр студияи тароҳи рус Артём Лебедев даъват карда шуда буд, ки вай ишорарамзҳои солинавии "паттерн", "винетки", "бордюр" ва "пиктограмм"-ро коркард карда пешниҳод кард. Рамзи тартиботи идона, ибораи “Беҳтарин шаҳри зимистон” тасвир ёфта буд.

Осмони пурситора: дастовардҳои муҳими солинавии Маскав

Он вақт ҳама гулгашту хиёбоҳои шаҳр бо нақшунигорҳои гуногун ва инчунин ноқилҳои дорои қувваи барқ ороста шуда буданд. Ҳамагӣ дар шаҳри Маскав 12 ҳазор ноқили каммасраф барои, тавсифи нақшуҳои гуногун истифода шуда буданд. Дар кӯчаҳои Маскав “Осмони пурситора” ва дарахтҳои рангаи ҷилодор пайдо шуданд.

Дар Соли нави 2012-2013 аввалин ҷашнвораи “Сайр дар Мавлуди Исои Масеҳ” ҳамчун як ҷашни силсилаҳои “Фаслҳои Москва” гузаронида шуда буд.

Оташҳои морпеч

Дар Соли нави 2014-2015 барои зебогии шаҳр оташҳои морпеч коркард карда шуданд. Дар гузаргоҳҳои пойтахт болои сари роҳгузарон чунин нақшҳо пайдо мешуданд.

Осмони пурситора: дастовардҳои муҳими солинавии Маскав

Дар шаҳр ҳазорҳо арчаҳои солинавӣ гузошта шуда буданд, ки миёни онҳо дарахтон чун анъана гузашта бо истифодаи маводҳои замонавӣ ороста шуда буданд.

Майдонҳои асосии Маскав – Смоленская, Зубовская, Павелецкая, Серпуховская, Таганская ва ғайраҳо бо арчаҳои баландиашон якхела, аммо ороишашон гуногун афрохта шуда буданд. Он вақт контсептсияи тартиботи ороишҳоро сокинони маҳалии Маскав зери ишораи “Шаҳрванди фаъол” интихоб карда буданд.  

Осмони пурситора: дастовардҳои муҳими солинавии Маскав

Ороишҳои Соли навӣ ва Мавлуди Исои Масеҳ дар соли 2015 образи Соли нави адабиёти русро зинда карда буданд.

Маркаҳои почтавӣ

Дар Соли нави 2015-2016 рамзи асосии ороиши солинавӣ маркаҳои почтавӣ гардиданд. Чунки Соли нав ва Мавлуди Исои Масеҳ ин ҷашнҳое мебошанд, ки шаҳрвандон якдигарро табрик карда, тамониёташонро байён мекунанд. Инчунин мисли ҳарсола дар кӯчаву хиёбонҳо арчаҳои ороишёфтаи солинавӣ пайдо шуданд. Ҳамаи инҳо дар якҷоягӣ бо маркаҳои почтавӣ ҳамчун рамзи соли нави ҳамон сол ба рӯҳияи инсон ҳаловат мебахшиданд.

Осмони пурситора: дастовардҳои муҳими солинавии Маскав

Инчуни мағозаи ГУМ, ки дар майдони Сурх ҷойгир аст бо ҳамин руҳия оро дода шуда буд.

Дӯстӣ бо Итолиё

Ба пешвози Соли нави 2017 Маскав бо усулҳои итолиёвӣ оро ёфта буд. Рамзи асосӣ дар ин сол нақшҳои итолиёвӣ буданд. Ҳукуматҳои кишварҳо инро ба он рабт доданд, ки фарҳангу маданияти Русия ва Итолиё бо ҳам наздиканд.

Осмони пурситора: дастовардҳои муҳими солинавии Маскав

Ҳаёти мо ин театр аст

Барои Соли нави 2017-2018 мавзӯҳои театри интихоб шуда буданд. Барои ҳамин дар кӯчаҳо ниқобҳои хос ба театр, бозичаҳои алоқаманд бо театр пайдо шуда буданд. Шаҳр ба театри “кушода” мубадал гашта буд.

Ба хотири гузаронидани ҷашнвораи “Сайр дар Мавлуди Исои Масеҳ” аз 31 декабр то 3 январ роҳҳои мошингузари кӯчаҳои Тверская, Маховая ва Охотний Ряд банд шуда буданд.

Осмони пурситора: дастовардҳои муҳими солинавии Маскав
Дар ин ҷашнвора намоишҳои гуногун, аз ҷумла спектаклҳо пешкаши бинандагон гашта буданд. Меҳмонон метавонистанд аз ин ҳама истифода бурда рақсу бозӣ ва сурудхонӣ кунанд.

Захираи ҳаматарафа

На ҳамаи оришҳои солинавӣ махсусан барои соли муаяне сохта мешаванд, ва қисмати зиёди онҳо дар ҳама сол истифода мешаванд. “Шаҳр навъҳои  ороишҳои солинавии зиёде барои намоиш додан захира кардааст, ки метавон бо харҷи каме як ороши солинавии олидараҷа пешкаши шаҳрвандон кард”, - шарҳ доданд дар ширкати Иттиҳоди энергетикии Маскав. Аркҳои калони барқӣ аз корхонаҳои калон истифода бурда мешаванд. Онҳоро метавон дар майдонҳои Тверской, Пушкин ва Инқилоб дид. Махсусан ба меҳмонон лоиҳаи “Осмон пурситора” дар Болшой Дмитревка ва кӯчаи Николский ва дарахтони ҷилодор писанд омаданд. 

Осмони пурситора: дастовардҳои муҳими солинавии Маскав

 “Хулоса ҳамаи он нақшу нигоре, ки барои Соли нав оро дода мешаванд, метавонанд бетағйирот ва ё таъмири хурде такроран истифода шаванд”, - илова карданд дар ширкати Иттиҳоди энергетики Маскав.

Мувофиқи табъи ҳама

Осмони пурситора: дастовардҳои муҳими солинавии Маскав

Дар ҷашнҳои Соли нав ва Мавлуди Исои Масеҳ ярмаркаҳои идона бо хӯришҳои гуногун баргузор мегарданд. Алакай ин корҳо дар майдонҳои Манежний ва Сурх ба анъана табдил ёфтаанд.

Дар ин маконҳо ба ҷӯз нуқтаҳои савдо, марказҳои дилхушкунанда мавҷуданд. Масалан дар майдони Сурх майдончаи яхмолабозӣ пешкаши истифодабарандагон мегардад.

Осмони пурситора: дастовардҳои муҳими солинавии Маскав

Тағйиротҳо шаҳри Маскавро миёни сайёҳони чӣ дохилӣ ва чӣ хориҷӣ машҳуртар гардонида истодаанд. Бисёриҳо бар онанд, ки шаҳри Маскав тағйир ёфтааст ва барои сайру гашт кардан қулайтар шудааст.

Инчунин сайёҳон дар баробари дигар шаҳрҳои Аврупо Маскавро барои гузаронидани Соли нав интихоб мекунанд.