Алишер Усмонов: Мирзиёев “Горбачёви узбакӣ нест”

Алишер Усманов, архивное фото
Соҳибкор ва миллиардери Русия Алишер Усмонов роҳбари Узбакистон Шавкат Мирзиёевро мустақил ва сиёсати пешгирифтаи ӯро дар ислоҳоти кишвар мусбат медонад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Соҳибкор Алишер Усмонов, дар суҳбат ба маҷаллаи Forbes назарашро дар бораи сиёсати Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон изҳор намудааст.

Чарвакское водохранилище в Узбекистане
"Гулдара"-ю "Тоштеппа": Шавкат Мирзиёев аз бунёди 7 обанбори нав хабар дод

Алишер Усмонов боварӣ дорад, ки Шавкат Мирзиёев “Горбачёви узбакистонӣ нест”.

“На, вай Горбачев нест. Назар ба Горбачёв ӯ дар амалӣ намудани барномаҳои худ ҷиддӣ мебошад. Вай мейҳанпараст ҳасту ва ҳеҷ гоҳ ба зангзании давлати Узбакистон роҳ намедиҳад”, - гуфт вай.

Ба гуфтаи вай, Мирзиёев сиёсатмадори мустақил аст.

“Мирзиёев шакли нави роҳбар дар шарқ аст, ки мехоҳад иқтисодаш пешрафт кунад. Ман бар ин боварӣ дорам”, - таъкид намудааст Усмонов.