Ҷаласаи намояндагони 55 кишвар дар СММ таҳти раёсати Тоҷикистон

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз баргузории ҷаласаи моҳонаи кишварҳои узви Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки 55 кишвари ҷаҳонро дар бар мегирад, хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ВУХ, ҷаласа 18 декабри 2018,  таҳти раёсати Маҳмадамин Маҳмадаминов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ баргузор гардид.

Назари русиягиҳо: муҳоҷирон аз куҷо оянду чӣ кор кунанду чӣ суду зарар доранд?

Манбаъ мегӯяд, зимни ҷаласа, ба таваҷҷуҳи ширкаткунандагон маълумоти муфассал дар бораи кори анҷомдодашуда тайи моҳи ҷорӣ пешниҳод гардида, номзадиҳои кишварҳои узви Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором ба ниҳодҳои гуногуни СММ баррасӣ шуданд.

Худи Маҳмадаминов ба ҳайси раиси Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором инчунин дар ҷаласаи Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба 70-умин солгарди Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва 25-умин солгарди Эъломияи Вена ва Барномаи амали он иштироку суханронӣ намудааст.

Дар суханронии худ аз номи Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором Намояндаи доимии Тоҷикистон  иброз дошт, ки ҳуҷҷатҳои мазкур ормонҳои муштарак ва иродаи умумии ҷомеаи ҷаҳониро барои манфиати инсоният таҷассум менамоянд.

Маҳмадаминов таъкид кардааст, ки Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар худ ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шаҳрвандиву сиёсиро дар бар мегирад, ки онҳо танҳо дар ҳамоҳангӣ бо якдигар метавонанд муваффақ бошанд.