ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, дар “Фейсбук” шикояти шаҳрвандон бо акс аз таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёт дар роҳи пиёдагарди кӯчаи Раҳимӣ, собиқ маҳаллаи “Профсоюз” нашр гардид.
Нозирони роҳ муайян кардаанд, ки “Тойота-Лендкрузер”, рақамаш 4778 СВ 01 ба Икромҷон Имомов, сокини 38-солаи шаҳри Кӯлоб ва “Мерседес-Бенс”, рақамаш 0080 ЕЕ 01, ба Эмомалӣ Ғолибов, сокини 37-солаи ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ дорад.
“Номбурдагон дар ҳақиқат воситаҳои нақлиёти худро дар роҳи пиёдагузар ба таври ғайриқонунӣ таваққуф намуда, ба ҳаракати шаҳрвандон халал ворид намудаанд, ки ин амал бо далелҳо исботи худро ёфт”, - омадааст иттилоияи ВУД.
Манбаъ афзуд, ки автомашинаҳои дар расм инъикосгардида ба шуъбаи БДА дар Душанбе дастрас гардида, нисбати соҳибонашон барои таваққуфи нодуруст тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда тартиб дода шуд. Ронандаҳо барои минбаъд ба чунин қонуншиканӣ роҳ надодан огоҳонида шуданд.
Мақомоти умури дохилӣ аз шоҳидон даъват намудааст, ки дар сурати шоҳиди қонуншиканӣ шудан тариқи суроғаи электронии rvkddushanbe@mail.ru, ё телефони боварии (+99237) 221-15-00 муроҷиат намоянд.