ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Бар асоси созишномаҳои имзошуда, Ҷопон барои дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Ҷомӣ 91 ҳазору 870 доллар, барои сохтмони бинои нави мактаби №60 дар ҷамоати Ҷавонони ноҳияи Файзобод 89 ҳазору 282 долларро ҷудо кард.
Барои сохтмони бинои нави мактаби №7 дар деҳаи Деҳқонободи ҷамоати Оби Гарми шаҳри Роғун ва 89 ҳазору 249 доллар ва таҷҳизоти тиббӣ барои Маркази тиббии шаҳри Душанбе 89 ҳазору 222 доллар равона мегардад.
Лоиҳаи 5-уме, ки бо кӯмаки бебозгашти Ҷопон амалӣ мешавад, сохтмони бинои нави мактаби №79 дар деҳаи Сариҷӯйи ҷамоати Иззатулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод бо маблағи 82 ҳазору 191 доллар мебошад.