Интиқоли бабри барфӣ аз Тоҷикистон ба Русия

Модабабри барфиро аз Тоҷикистон барои барқарор кардани саршумори ин навъи нодири ҳайвон ба Красноярск бурданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Раёсати “Росселхознадзор” интиқоли бабри барфиро аз Тоҷикистон ба Красноярск тасдиқ карда, изҳор доштааст, ки феълан ин ҳайвони нодир таҳти назорати карантинӣ қарор дорад.

Тараҳҳум ба озодапаланг дар Помир: баъди селфӣ, “зебои куҳистон”-ро озод карданд - видео

Расонаҳои маҳаллӣ аз қавли “Росселхознадзор” иттилоъ додаанд, ки камбудие ҷой надорад ва танҳо баъди анҷоми расмиёт бабри барфиро ба мамнуъгоҳи Саяно-Шушенск раҳо хоҳанд кард.

Созмонҳои байналмилалии ҳифзи вуҳуш саршумори бабри барфиро феълан дар ҷаҳон ҳудуди 7,5 ҳазор сар мегӯянд, ки асосан дар Осиёи марказию ҷанубӣ ва куҳҳои Олтойи Русия иқомат доранд.

Қаблан саршумори бабри барфӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 300 сар арзёбӣ шуда буд.