Додситонҳои Суғд соҳиби дафтари кории нав мешаванд

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд барои бунёди бинои нави мақомоти додситонӣ санги асос гузошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси Суғд, бинои нави маъмурии додситонии вилоят дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бунёд мегардад.

Шаҳри амну зудрушдкунанда: Рустами Эмомалӣ гуфт, 2018 соли хотирмон буд

Манбаъ афзуд бинои нави додситонии вилояти Суғд дар масоҳати 0,50 гектар бунёд гардида, як адад бинои маъмурии 7 ошёна ва як бинои 3 ошёнаи хизматрасониро дар бар мегирад.

Аҳмадзода зимни гузоштани санги асос изҳор дошт, ки бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят беш аз 6000 иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода мешавад.

Ӯ афзуд, ки дар ин раванд садҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ва шароити арзанда ба мардум муҳайё мегардад.

Дар ояндаи наздик барои кормандони прокуратураи вилоят дар ин мавзеъ бинои истиқоматӣ низ сохта мешавад.