Дар Тоҷикистон дар соли равон теъдоди нафақагирон 3,3 дарсад афзоиш ёфтааст

Ба аввали моҳи декабри соли равон дар Тоҷикистон беш аз 684 ҳазор нафақагирон ба қайд гирифта шудаас
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз аввали сол теъдоди нафақагир 3,3 дарсад афзоиш ёфтааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Тибқи омори расмӣ, ба аввали моҳи декабри соли равон дар ҷумҳури беш аз 684 ҳазор нафақагир ба қайд гирифта шудааст.

Маошу нафақа дар Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2018 чи қадар боло меравад?

Таъкид шудааст, ки 64 дарсади нафақагирон дар Тоҷикистонро занҳо ташкил медиҳанд. Ба ҳисоби миёна нафақаи онҳо 25 доллар дар як моҳро ташкил медиҳад. Нафақаи мардон 35,7 доллар ташкил медиҳад.

Аз моҳи январ то ноябри соли равон ба нафақагирон беш аз 211 миллион доллар пардохт шудааст.

Таъкид шудааст, ки нафақаи аз ҳама зиёд дар шаҳри Душанбе дода мешавад. Дар пойтахт ҳаҷми нафақаба ҳисоби миёна тақрибан 44 долларро ташкил медиҳад.

Пас аз пойтахти Тоҷикистон нафақаи аз ҳама баландро сокинони ВМКБ мегирифтаанд. Дар ин минтақа ба ҳисоби миёна ба сокинон тақрибан 35 доллар нафақа дода мешавад.