Тавсифи Шодихон Ҷамшед аз беморхонаи 24 миллион долларии Оқохон дар Хоруғ

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон аз Маркази ташхису табобатии муосир дар Хоруғ, ки бо 24 миллион доллари Бунёди Оқохон бунёд шуд, тавсиф намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Маркази тиббӣ феълан ба хизматрасониҳои  машваратӣ ва ташхисӣ шурӯъ намуда, аз моҳи апрели соли 2019  дар Марказ  бахши статсионарӣ пурра ба фаъолият оғоз менамояд, хабар додааст “Ховар”.

Паёми Файзов ба Оқохони IV: аз хоҳиши дуо то саҳм дар сулҳи тоҷикону назари Эмомалӣ Раҳмон

Ба иттилои манбаъ  марказ дорои 52 кати хоб буда, барои табобати беморон шароити сатҳи баланди муолиҷа фароҳам гардидааст. Таҷҳизоти муосири Марказ имконият медиҳанд, ки ташхиси беморон дақиқу дуруст гузаронида шавад.

Барои сохтмони он Бунёди Оқохон 24 миллион доллар ҷудо намуд, ки  беш аз 15 миллион доллари он барои хариди таҷҳизот сарф гардидааст.

Шодихон Ҷамшед ҳангоми ифтитоҳи маркази мазкур изҳор доштааст, ки “бунёди ин марказ яке аз намунаҳои беҳтарини ҳамкории Ҳукумати кишвар бо бахши хусусӣ ба хотири баланд бардоштани некуаҳволии мардум аст”.

Ӯ афзудааст, ки аз хизматрасонии ин марказ ҳамчунин сокинони ноҳияҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ баҳраманд хоҳанд гашт. 

Кооперативҳо ба ҷои хоҷагиҳои хурд: Файзов роҳи таъмини ВМКБ бо маҳсулоти худиро пеш ниҳод

“Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш мекунад, ки бо ҳамсояҳои дуру наздики худ равобити мутақобилан судманд ба роҳ монад ва ҳарду ҷониб аз ин ҳамкорӣ манфиати баробар бардоранд. Ин муассисаи тиббӣ дар минтақа ҳамчун як маркази  устувори соҳаи тандурустӣ хизматрасониҳои  тиббиро бо сифати баланд ва сари вақт ба ниёзмандон пешкаш менамояд”, - изҳор доштааст Шодихон Ҷамшед.

Феълан дар Маркази тиббӣ 56 мутахассиси  соҳибтаҷриба ба кор қабул шуда, дар сурати пурра ба кор оғоз кардани он шумораи табибон ба 130 нафар расонида шуда, дар бахшҳои мухталиф ба маризон хизмати тиббӣ хоҳанд расонд.