Рамазон Раҳимзода аз дидбонгоҳи сарҳадӣ дар ВМКБ хабар гирифт

Вазири корҳои дохилӣ зимни боздид бо шароити хизматӣ ва фаъолияти дидбонгоҳҳои сарҳадӣ аз наздик ошно шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ аз дидбонгоҳҳои сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ боздид кард.

Саҳми генерал-полковник Раҳимзода дар таъмини Хоруғ бо об

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст.

“Вазири корҳои дохилӣ зимни боздид бо шароити хизматӣ ва фаъолияти дидбонгоҳҳои сарҳадӣ аз наздик шинос шуда, барои беҳтар намудани фаъолият ва таҳкими ҳамкорӣ бо аҳолии маҳаллӣ дар масъалаи ҳифзи сарҳади давлатӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас додааст”, - таъкид намудааст манбаъ.

Аз ҷумла вазир ба масъулини дидбонгоҳҳои сарҳадӣ сопориш додааст, ки ба масъалаи дар ҳолати хуб нигоҳ доштани низоми гармидиҳӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.