ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, довталабони стипендияи раиси шаҳри Душанбе бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯй бошанд.
“Рафтори намунавӣ дар байни ҳамсинфон ва ҳамкурсон дар як соли охир, бо дарназардошти тавсияи хаттӣ аз ҷониби директори муассисаи таълимӣ, таҳсил бо баҳои хубу аъло мувофиқи маълумотномаи хаттии ҷамъбасти баҳоҳо дар як соли охир, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятии муассиса ва берун аз он”, - ро шаҳрдорӣ аз шартҳои асосӣ барои довталбони озмун номидааст.
Манбаъ афзуд, довталабоне, ки хоҳиши ширкат дар озмун барои стипендияро доранд, бояд то соати 17-00-и 5 январи соли 2019, бо нишони шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 80 асноди заруриро пешниҳод намоянд.
Шаҳрдорӣ дар феҳрасти ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аризаи довталаб бо дастхати худаш, тавсиянома аз тарафи маъмурияти муассисаи таълимӣ, рӯйхати баҳои солона, ҷамъбастӣ ва аттестатсияҳои давлатӣ, ки бо имзои директор ва муҳри муассисаи таълимӣ тасдиқ карда шудааст, 3 дона расми андозааш 3х4 ва нусхаи шиноснома, ё шаҳодатномаи таваллудро ном бурд.
Манбаъ таъкид намуд, ки озмун дар шакли санҷиш дар доираи барномаи таълимӣ тариқи тестӣ гузаронида мешавад ва шаҳрвандон барои иттилои бештар метавонанд тариқи телефонҳои 221 - 72 – 83, 934 - 60 - 30 - 31; 919 - 07 - 66 – 66 муроҷиат кунанд.