Ҳукумат фоидаи ташкили дидбонгоҳҳоро дар ВМКБ гуфт

Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз таъмини қонунияту тартибот дар қаламрави вилоят гузориш дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Тибқи гузориши ҳукумати ВМКБ, ки аз ҷониби бахши матбуот 15 декабр нашр гардид, “ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд, тавонистаанд бо кордонию таҷрибаи ғании хеш тартиботро дар ҳудуди вилоят ба танзим дароранд”.

Саҳми генерал-полковник Раҳимзода дар таъмини Хоруғ бо об

Ба иттилои манбаъ, махсусан танбашавии роҳҳо дар ҳудуди шаҳри Хоруғ, аз ҷумла дар  назди бозори марказӣ, ки қариб як соат ҳамарӯза сурат мегирифтааст, аз байн бурда шуд.

“Истгоҳи мошинҳои самти шаҳри Душанбе ба маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ ва истгоҳи мошинҳои самти ноҳияи Мурғоб ба маҳаллаи Хоруғи Боло кӯчонида шуд”, - омадааст дар гузориш.

Ҳукумати ВМКБ таъкид намудааст, ки ҳамзамон алакай мошинҳои ғайриқонунии сиёҳшиша ё мошинҳои бе рақами давлатӣ дар шаҳри Хоруғ дида намешавад. Манбаъ ин ҳолатро натиҷаи ташкили постгоҳҳои махсуси назоратӣ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияи Шуғнон, ноҳияи Рушон ва ноҳияи Роштқалъа хондааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи равон Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ба шаҳри Хоруғ сафар дошт ва қаблан бархе аз сокинон аз муносибати маъмурини дидбонгоҳҳо изҳори норозигӣ карданд.

Моҳи сентябри соли равон дар пайи сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ВМКБ ва интиқодаш аз вазъи тартибот дар вилоят Ситоди байнидоравии таъмини амният ташкил шуда буд.