ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон амалиёти "Кӯкнор-2018" ҷамъбаст гардид, ки дар пайи он наздики 2 тонна маводи нашъадор ёфт ва мусодира гардид, хабар медиҳад Ожонси мубориза бо маводи нашъаовар.
Амалиёт барои пешгирӣ ва ошкор намудани муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии он ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадори худрӯй аз 20 май то 30 ноябр идома дошт.
"Дар ин давра дар маҷмӯъ 237 ҷиноят вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ошкор гардида, аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 тоннаю 977 килою 196 грамм маводи нашъадор, аз ҷумла 48 килою 134 грамм героин, 1 тоннаю 129 килою 592 грамм афюн, 394 килою 799 грамм ҳашиш ва 404 килою 671 грамм бангдона мусодира гардид", - менависад манбаъ.
Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 2112 дона ҳабҳои синтетикӣ дарёфт ва мусодира карда шуданд, афзудааст ожонс.
Дар натиҷаи ошкор намудани ҷиноятҳо вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар 261 нафар шаҳрвандон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Ҳангоми гузаронидани амалиёт аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор дар қаламрави ҷумҳурӣ 184 ҳодисаи сабзиши растаниҳои нашъаовари худрӯй ошкор ва ба миқдори 2 миллиону 402 ҳазору 894 бех растаниҳои нашъаовари худрӯй дар майдони 1,8 гектар бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шудаанд.
Инчунин дар ҷараёни амалиёт 21 ҳолати мусодираи яроқу аслиҳа ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 1501 адад яроқу аслия ва лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуданд. Ҳамзамон 795 нафар шахсони дар кофтуков қарор дошта муайян ва дастгир карда шудаанд.